ҲНИТ муқобили тағйирот ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аст

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Умаралӣ Хисейнов муқобили ворид сохтани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» овоз доданд. Пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Умаралӣ Хисейнов муқобили ворид сохтани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» овоз доданд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки «ҲНИТ аз кӯшишҳои ҳукумат ҷиҳати таҳти назорат қарор додани ҷараёни таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар пуштибонӣ мекунад, вале ҳукуматдорон ба масъалаи он, ки эҷоди монеъа ба шаҳрвандон барои гирифтани маълумот мустакиман нақзи ҳуқуқи онҳо аст, эътибор надодааст».

Ба қавли мавсуф, ҳукуматдоронро кофӣ буд, ки ҷиҳати назорати таҳсилоти шаҳрвандон дар муассисаҳои динии хориҷии кишвар дар Вазорати маориф ва Кумитаи дини ҷумҳурӣ як ниҳоди иҷозатномадиҳӣ таъсис бидиҳанд ва талаби доштани маълумоти аввалияи дар қаламрави Тоҷикистон гирифта барои ин зиёдатӣ аст.

Ба эътиқоди раиси ҲНИТ, баъзе доираҳо дар ҳукумати кишвар ва муҳити маънавӣ дар оянда ният доранд, ки як касберо чун мулло рӯйи кор оваранд. «Ин мухолифи рукнҳои ислом аст, ки муллогиро чун касб эътироф намекунад», – гуфт ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки чунин амалҳо метавонанд ба тафриқаандозии ҷомеаи Тоҷикистон боис гарданд. «Имрӯз нерӯҳои мушаххасе мехоҳанд, ки инсони дунявиеро тарбия намоянд, ки барояш рукнҳои ислом бегонаанд ё инсони диндореро ба воя расонанд, ки ба мушкилоти олами дунявӣ таваҷҷӯҳе надошта бошад», – мегӯяд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ду нафар – раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва муовини ӯ Умаралӣ Хисайнов намояндагӣ мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.