Оид ба қазияи марги Сафаралӣ Сангов ду корманди милиса ҷавобгӯ хоҳанд буд

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар додгоҳ оид ба парвандаи Сафаралӣ Сангов ду корманди милисаи шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и  – Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов ҷавобгӯ хоҳанд буд, – изҳор дошт ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» додраси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сулаймон Қосимов, ки маҳз ӯ дар ҳафтаи оянда раёсати мурофиаи мазкурро ба ӯҳда хоҳад […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар додгоҳ оид ба парвандаи Сафаралӣ Сангов ду корманди милисаи шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и  – Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов ҷавобгӯ хоҳанд буд, – изҳор дошт ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» додраси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сулаймон Қосимов, ки маҳз ӯ дар ҳафтаи оянда раёсати мурофиаи мазкурро ба ӯҳда хоҳад дошт.

Сулаймон Қосимов аз ифшои маълумоти бештар худдорӣ варзида, танҳо гуфт, ки ба ҳар ҳол, парванда тибқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ баррасӣ мешавад.

Айни замон судя парвандаи ҷиноӣ оид ба далели марги сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли хешовандони ӯ, бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милисаи ШКД-и Сино-1 фавтидааст, мавриди омӯзиш қарор додааст.

Қаблан намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба як нафар корманди милиса тибқи моддаи 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он)-и КҶ ҶТ боз шудааст, ҳарчанд мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино парвандаи ҷиноиро бо айбдорӣ ба хунукназарӣ оғоз карда буд, вале прокуратураи шаҳрӣ парвандаи мазкурро таҳти истеҳсолоти худ қарор дода, моддаи нав илова намуд.

Сарвиноз, ҳамсари Сафаралӣ Сангов мегӯяд, моддаи «баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ» танҳо дар лаҳзаи охирини тафтишот, қабл аз ирсоли парванда ба додгоҳ бекор карда шудааст. «Дар назди додгоҳ танҳо ду нафар ҷавоб мегӯянд, ҳарчанд дар латукӯби шавҳари ман ҳафт нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок кардаанд», – иброз медорад ӯ. Ба қавли Сарвиноз, дар мурофиаи додгоҳӣ манфиатҳои ҷониби ҷабрдидаро адвокати соҳибтаҷрибае намояндагӣ хоҳад кард, ки хизматгузориаш ба таври ройгон аз ҷониби Дафтари дифоъ аз хуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ ба ӯ пешниҳод шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт Сафаралӣ Санговро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Ба қавли хешовандони ҷабрдида, зимни боздошт ва будубош дар ШКД Сангов мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) оварда мешавад. Пас аз чаҳор рӯз, 5-уми марти соли равон Сафаралӣ Сангов дигар ба ҳуш наомада, ба халокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.