Яке аз донишгоҳҳои Хуҷанд маблағи ғайриқонунӣ аз донишҷӯён ҷамъовардаро бозпас медиҳад

Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» – | Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарои шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат (минбаъд – Донишгоҳ)-и шаҳри Хуҷанд дар бораи болоравии босуръати қимати таҳсилро беэътибор дониста, акнун донишгоҳро зарур аст, ки маблағи ба таври иловагӣ аз донишҷӯён ҷамъоварда барои анҷоми сохтмони бинои таълимиро, ки мухолифи шартнома миёни донишгоҳу дрнишҷӯён буд, […]

Бахтиёр Валиев

Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» – | Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарои шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат (минбаъд – Донишгоҳ)-и шаҳри Хуҷанд дар бораи болоравии босуръати қимати таҳсилро беэътибор дониста, акнун донишгоҳро зарур аст, ки маблағи ба таври иловагӣ аз донишҷӯён ҷамъоварда барои анҷоми сохтмони бинои таълимиро, ки мухолифи шартнома миёни донишгоҳу дрнишҷӯён буд, ба онҳо бозпас баргардонад.

Мурофиаи судии мазкур муддати қариб ду сол идома ёфта, он бо ташаббуси донишҷӯйи соли 4-уми шӯъбаи ғоибонаи бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳ Усмон Сиддиқов, ки аллакай донишгоҳро хатм кардааст, сурат гирифт.

Ба қавли номбурда, қарори шӯрои илмӣ ғайриқонунӣ ва бидуни мувофиқа бо донишҷӯён қабул гардида, шартнома бо донишҷӯён бевосита аз ҷониби донишгоҳ таҳия шудааст ва худи донишгоҳ дағалона онро вайрон карда, ба таври якҷониба қимати таҳсил барои донишҷӯёни солҳои дуввум-шашумро ба миқдори 100 ва барои донишҷӯёни соли 1-умро ба андозаи 200 доллари ИМА афзуд. Мутобиқи шартномаи бо донишҷӯён баимзорасида, «ворид сохтани тағйироту илова ва бекор сохтани шартнома метавонад танҳо бо розигии тарафайн анҷом пазирад. Ба таври якҷониба шартномаро танҳо дар он ҳолат метавон бекор кард, ки агар яке аз ҷонибҳо ӯҳдадориҳои шартномавиро ба иҷро нарасонад».

Моҳи феврали соли 2009 донишҷӯйи номбурда ба мақомоти додситонии вилояти Суғд ва додситонӣ дар навбати худ ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд. Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки 22-юми феврали ҳамон сол шурӯъ шуд, мақомоти додситонии вилоят даъво пеш овард, ки қарори шӯрои илмии донишгох беэътибор дониста шавад.

Намояндаи даъвогар – додситони мақомоти додситонии вилоят  Завқиҷон Гиёев бар ин назар аст, ки бо ин амал талаботи Муқаррарот оид ба нархгузории арзиши аслӣ (кору хизматгузориҳо) дар ташкилоту корхонаҳо, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, риоя нашудааст. «Чун Донишгоҳ муассисаи тиҷоратӣ нест, пас хароҷоти иҷрои корҳои сохтмонӣ набояд ба арзиши хизматгузориҳои ба донишҷӯён пешниҳодмешуда дохил карда шавад», – гуфт ӯ.

Моҳи майи соли 2009 додгоҳи шаҳри Хуҷанд қарори шӯрои илмии донишгоҳ дар бораи босуръат афзудани арзиши таҳсилро беэътибор донист, вале ба иҷрои ин қарор маъмурити донишгоҳ ҳеҷ шитобе надошт. Дар шарҳи масъалаи мазкур додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Иноятулло Ғуломов чунин ибрози андеша намуд, ки дар моддаи 15-и Кодекси мурофиавии граждании ҶТ гуфта мешавад, ки «санадҳои судие, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бидуни истисно барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамоният  иҷро карда шаванд». «Мутобиқи қисми дуввуми ин модда, иҷро накардани санади судӣ, ҳамчунин дигар зуҳуроти беэҳтиромӣ нисбат ба суд боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад», – изҳор дошт додрас.

Пас аз дастрас кардани қарори додгоҳи шааҳрӣ, донишгоҳ аз болои он ба додгоҳи вилоят ва Додгоҳи Олӣ шикоят бурд, вале дар ҳама ҳолат қарори додгоҳҳои зинаи поёнии додгоҳӣ бетағйир боқӣ монда шуд. Ба қавли ҳуқуқшиноси донишгоҳ Гадойбой Аҳмедов, донишгоҳ акнун аз муроҷиат ба додгоҳ даст кашида, ба донишҷӯён маблағҳоро бозпас медиҳад. «Мувофиқи аризаҳо аллакай ба донишҷӯён маблағҳояшон бозпас дода мешавад. Бо ҳисоб ба қурби асъори миллӣ ба онҳо маблағи 100 ё 200 доллари ба таври иловагӣ пардохтаашон баргардонида мешавад. Бо донишҷӯёне, ки таҳсилро идома дода истодаанд, дубора ҳисоббаробарӣ карда мешавад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.