Оид ба далели марги С.Сангов нисбат ба корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз шуд

Душанбе. 17-уми май. «Азия-Плюс» — | Мақомоти додситонии шаҳри Душанбе ҳолдисаи марги сокини 37-солаи пойтахт Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли хешовандонаш, бар асари латукӯби бераҳмона аз ҷониби кормандони милисаи ШКД-и Сино-1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, даақиқан мавриди таҳқиқ қарор додаст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додситони раёсат оид ба назорати тафтишот дар мақомоти прокуратураи Прокуратураи […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 17-уми май. «Азия-Плюс» — | Мақомоти додситонии шаҳри Душанбе ҳолдисаи марги сокини 37-солаи пойтахт Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли хешовандонаш, бар асари латукӯби бераҳмона аз ҷониби кормандони милисаи ШКД-и Сино-1-и пойтахт ба ҳалокат расидааст, даақиқан мавриди таҳқиқ қарор додаст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додситони раёсат оид ба назорати тафтишот дар мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералии ҶТ Саидаҳмад Ҷамолов хабар дод, нисбат ба яке аз кормандони милиса, ки дар даст доштан ба ин амал гумонбар дониста мешавад, мутобиқи моддаи 316, қ. 3

 

(Баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ

 

бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Нахуст мақомоти додситонии ноҳияи Синои пойтахт парвандаи ҷиноиро бо айбдорӣ ба хунукназарӣ боз карда буд, вале додситонии шаҳрӣ парвандаи мазкурро таҳти истеҳсолоти худ қарор дода, ба он гунаҳкорӣ тибқи моддаи КҶ-ро пешбинӣ кард ва айни замон парванди аз рӯйи моддаи «баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ» баррасӣ мешавад», – гуфт ӯ.

Бо ишора ба сирри тафтишот ҷаноби Ҷамолов аз ифшои маълумоти дигар дар бораи ҷараёни тафтишоти мазкур худдорӣ варзид.

 

Бино ба маълумоти намояндаи Прокуратураи генералӣ, соли гузашта ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноёти гуногун 13 нафар кормандони милиса боздошт шуда буданд, ки 6 нафарашон ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла истифодаи тарзҳои манъшудаи бурдани тафтишот нисбат ба гумонбаршудагон ё афроди таҳти тафтишот қарордошта гунаҳкор дониста мешуданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1-и пойтахт Сафаралӣ Санговро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Ба қавли хешовандони ҷабрдида, зимни боздошт ва будубош дар ШКД Сангов мавриди латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) оварда мешавад. Пас аз чаҳор рӯз, 5-уми марти соли равон Сафаралӣ Сангов дигар ба ҳуш наомада, ба халокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.