Сарвари давлат тоҷикистониёни наврасро бо идашон табрик мегӯяд

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Сапеда» ҷашнвораи умумиҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони лаёқатманд оғоз мегардад ва интизор меравад, ки дар он кӯдакону наврасонро шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон бо идашон табрик хоҳад гуфт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Сапеда» ҷашнвораи умумиҷумҳуриявии кӯдакон ва наврасони лаёқатманд оғоз мегардад ва интизор меравад, ки дар он кӯдакону наврасонро шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон бо идашон табрик хоҳад гуфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Базморо»-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва ҳамзамон директори ҷашнвораи мазкур Олим Акрамов хабар дод, дар ҷашнвора ҳудуди як ҳазор нафар кӯдакону наврасони лаёқатманд, ки дар давраҳои интихобии ҷашнвора дар шаҳру ноҳияҳо ғолибият ба даст овардаанд, ширкат хоҳанд варзид.

Ба қавли мавсуф, ҳадаф аз баргузории ҷашнвора – ташкил ва таъмини шароит барои андешаронии эҷодӣ ва ихтироъкоронаи кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, сарояндагону мусиқачиёни ҷавон, рассомон, фароҳам сохтани шароит ҷиҳати рушди оинҳои миллӣ, тарбияи андешаронии фарҳангиву маънавӣ ба кӯдакону наврасон ва ғайра аст.

Қабл аз оғози ҷашнвора намоишгоҳи офаридаҳои беҳтарини кӯдакону наврасон доир гардида, дар он намунаҳои корҳои рассомон, заргарон, дӯзандагон ва ихтироъкорони ҷавон дар бахши технологияи инноватсионӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. Ҳамчунин дар доираи Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахт низ чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, соли равон чун анъана ба муносибати ин ҷашн дар боғҳои истироҳату фароғати пойтахт намоишгоҳи корҳои рассомон ва аксгирандагони ҷавон ва ҳамчунин мусобиқоти варзишӣ доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.