Ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон аз 100 доллари ИМА зиёд шуд

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон бори нахуст дар тӯли солҳои истиқлолият ҳаҷми музди миёнаи меҳнат аз 100 доллари ИМА зиёд шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори кишвар хабар доданд, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон 472 сомонӣ (тақрибан 103 $)-ро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи феврал […]

Пайрав Чоршанбиев

Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон бори нахуст дар тӯли солҳои истиқлолият ҳаҷми музди миёнаи меҳнат аз 100 доллари ИМА зиёд шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии омори кишвар хабар доданд, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон 472 сомонӣ (тақрибан 103 $)-ро ташкил додаст, ки нисбат ба моҳи феврал дар ифодаи номиналӣ ба андозаи 12% бештар аст.

Ба иттилои манбаъ,  сатҳи музди меҳнати воқеъӣ (бо назардошти таваррум) дар моҳи марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 13,4% афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, музди миёнаи меҳнат дар моҳи марти соли равон дар Қазоқистон – 595, Ӯзбекистон – 326, Туркманистон – 200 ва Қирғизистон – ҳудуди 158 доллари ИМА-ро ташкил дода, музди миёнаи меҳнат дар Украина ба 318, Белорус – 513, Русия – 805 ва Озарбойҷон – 440 $ баробар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар давраи аз моҳи март соли 2010 то марти соли 2011 каме бештар аз 12%-ро ташкил додаст.

Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал, ки дар Тоҷикистон ба 80 сомонӣ (18$) баробар аст, дар қаламрави пасошӯравӣ яке аз нишондиҳандахои пасттарин аст.

Музди меҳнати аз ҳама бештар дар бахши молияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми миёнаи он 2195 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, феълан музди миёнаи меҳнати мансабдори тоҷик каме бештар аз 500 сомонӣ (111 $)-ро ташкил медиҳад. Хизматчии давлатии дараҷаи олӣ беш аз 2 ҳазор сомонӣ маош гирифта, ҳаҷми маоши заминавии хизматчии давлатии зинаҳои поёнӣ ба 350 сомонӣ баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.