Боздиди ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Корея

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров озими шаҳри Сеул гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, сафари мазкури ҳайати Тоҷикистон бо даъвати раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Пак Хи Та сурат гирифта, дар ҷараёни […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров озими шаҳри Сеул гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, сафари мазкури ҳайати Тоҷикистон бо даъвати раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея Пак Хи Та сурат гирифта, дар ҷараёни сафар дидори ҳайат бо ӯ ва ҳамчунин роҳбари Гурӯҳи парлумонии дӯстии Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея Ким Янг Хван, вазири умури хориҷӣ ва савдо Ким Хванг Суан, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ин кишвар Ли Чай Пил баргузор хоҳад шуд.

Ба қавли М.Султонов, пагоҳ дар шаҳри Сеул Шукурҷон Зуҳуров бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Корея таҳсил мекунанд, мулоқот хоҳад орост. «Дар ҷараёни сафар ҳайати Тоҷикистон аз корхонаи истеҳсоли автомобилҳои «GM»-и воқеъ дар шаҳри Бупин, ширкати коркарди партовҳо ва Пажӯҳишгоҳи миллии улуми истеҳсолии ин кишвар низ боздид карда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно мегардад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.