Мулоқоти судманди раиси шаҳри Душанбе бо мақомоти шаҳрдории Маскав

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — Бо даъвати Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия – Сергей Собянин ва бо мақсади  боздиди дӯстона Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 2 то 4 июни соли 2011 ба Маскав сафари хизматӣ анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар доираи ин сафар Маҳмадсаид […]

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — Бо даъвати Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия – Сергей Собянин ва бо мақсади  боздиди дӯстона Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 2 то 4 июни соли 2011 ба Маскав сафари хизматӣ анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар доираи ин сафар Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст 2-юми июн бо вазири Ҳукумати Москва, роҳбари  Департаменти шаҳри Москва оид ба иқтисоди беруна ва робитаҳои байналхалқӣ ҷаноби Черемин Сергей Евгеньевич мулоқот анҷом дода, масоили дар шакл ва сатҳи наву густурда роҳандозӣ намудани ҳамкориҳоро, пеш аз ҳама дар соҳаи инноватсия  мавриди баррасӣ қарор дод. «Рӯзи дигар, 3 июни соли 2011, М. Убайдуллоев бо раиси Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Москва, сармеъмори шаҳри Москва – Кузьмин Александр Викторович вохӯрӣ намуда, дар робита ба ҷалби потенсиали меъморони шахри Москва оид ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва тарҳрезии лоиҳаҳои муосири меъморӣ, ки таҷассумкунандаи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бошанд табодули назар намуда, дар ин зимн даъват ба миёновард, ки бо назардошти омилҳои мазкур, ки феълан татбиқи Нақшаи генералӣ дар хиёбони Рӯдакӣ оѓоз гардидааст, фаъолона ширкат варзанд», – гуфт Ш.Саидов.

Ба қавли мавсуф, нимаи дуюми ҳамин рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамтои худ, раиси шаҳри Маскав – Сергей Собянин мулоқоти дӯстона ва самимӣ анҷом дода, бо изҳори қаноатмандӣ аз даъват ва пазироӣ масаълаҳои дар сатҳи нав тақвиятбахшии робитаҳои мавҷуда дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва гуманитарию инноватсионӣ миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москваро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.