Қабули Эъломияи Остона оид ба 10-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Рўзҳои 14 ва 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона қарор дошт.  ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо, […]

Азия-Плюс

Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Рўзҳои 14 ва 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона қарор дошт.

 ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо, тибқи муқаррароти расмӣ, бо аксбардории умумӣ, нишасти хосаи сарони давлатҳои аъзо, нишасти васеъ бо ҳамроҳшавии сарони давлатҳои нозир, шарикони муколама, меҳмонон ва намояндагони созмонҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

 Дар ин ҳамоиш натиҷаҳои фаъолияти 10 – солаи ин созмони бонуфузи минтақавӣ ва нақшаҳои ояндаи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби он, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ  баррасӣ шуд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро доир ба мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ мушаххас намуда, пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

 Дар суханронӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки солҳои охир дар баробари мушкилоти эҷоднамудаи бўҳрони ҷаҳонии молиявию, иқтисодӣ, болоравии нархи  озуқаворию маводи сўхт ва офатҳои шадиди табию техногенӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари нав – хатари иттилоотӣ – идеологӣ рў ба рў омадааст, ки бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ ҳамбастагии амиқ дорад.

 Зимни баррасии масоили вобаста ба Афғонистон ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонию минтақавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиати Президенти Афғонистон Ҳомид Карзайро доир ба пазируфтани Афғонистон чун давлати нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай дастгирӣ намуд.

 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти даҳсолаи Созмони Ҳамкории Шанхай, ба хусус дар сатҳи баланди байнидавлатӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки минбаъд бояд ҳамгироии сохторҳои поёнӣ низ тақвият ёбад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави фаъолияти созмон мақоми калидӣ бояд ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ дода шавад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки Шўрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии созмон бояд фаъолияти худро бо нерўи тоза такон бахшанд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки барои дастрасии муваффақона ба ин ҳадаф, бояд монеаҳои сунъӣ ва мушкилоти сарҳадию нақлиётӣ, ки садди роҳи рушди босуръати иқтисодӣ мешаванд, бартараф гарданд. «Сухан аз боби зарурати рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, ташкили шабакаҳои байниқитъавии нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои оҳан аст», таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори боварӣ карда шуд, Созмони Ҳамкории Шанхай минбаъд низ мавқеъ ва мақоми худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшида, ба нафъи таҳкими амнияту суботи минтақавӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва болобарии сатҳи рифоҳи мардумони минтақа хизмат мекунад.

 Дар охири ҷаласа созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, Эъломияи Остона оид ба 10-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай,  қарорҳои Шўрои сарони давлатҳо дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва барномаи иҷрои он, Тафоҳумномаи намунавӣ оид ба уҳдадориҳои давлати аризадиҳанда барои шомил шудан ба узвияти СҲШ ва чанд санади дигар ба имзо расид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.