Тоҷикистону Покистон омодагии устувори худро ба татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 таъкид сохтанд

Душанбе. 16-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар доираи иштироки худ дар кори нишасти сарони кишварҳои узвиСозмони ҳамкории Шанхай дар шахри Остона президенти Тоҷикистон бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот кард Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти  Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳҳои рушди ҳамкории судманди […]

Душанбе. 16-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар доираи иштироки худ дар кори нишасти сарони кишварҳои узвиСозмони ҳамкории Шанхай дар шахри Остона президенти Тоҷикистон бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот кард

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти  Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду кишвар, аз ҷумла дар партави заминаи мавҷудаи қарордодӣ – ҳуқуқӣ баррасӣ шуд.

 Барои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омодасозӣ ва ба имзо расондани созишномаи нави тиҷоратӣ ва транзитӣ зарур шумурда шуд, то ки борҳо бе назорати гумрукии чандинкарата то ҷои таъинот расонда шаванд.

 Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб бори дигар омодагии устувори худро барои ба ҳам пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва шабакаҳои интиқоли нерўи барқи ду кишвар, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати КАСА – 1000 таъкид намуданд.

 Ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ доир ба истихроҷу коркарди сарватҳои табиӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

 Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон, роҳҳои муқовимати муштарак ба паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.