Ноҳияи Турсунзода: Модар чаҳор фарзанди ноболиғи худро ба қатл расонид

Турсунзода. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустӯйи ба гумони даст доштан дар қатли чаҳор фарзандаш сокини 32-солаи ҷамоати Работи ноҳияи Турсунзода Шарифова Заррагулро боздошт карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, майори милиса Руслан Шоев хабар дод, зимни баргузории тафтишоти […]

Иброҳим Абдулхаев

Турсунзода. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустӯйи ба гумони даст доштан дар қатли чаҳор фарзандаш сокини 32-солаи ҷамоати Работи ноҳияи Турсунзода Шарифова Заррагулро боздошт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода, майори милиса Руслан Шоев хабар дод, зимни баргузории тафтишоти пешакӣ маълум шудааст, ки ин зан дар давраи аз моҳи апрел то моҳи май бонавбат чаҳор фарзанди ноболиғи 7, 6, 2 ва кӯдаки 1-солаашро ба қатл расонидааст. «Заррагул фарзандони худро буғӣ карда, сипас онҳоро ба беморхона мебурдааст ва аз табибон тавалло мекардааст, ки ёрӣ диҳанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, ҳангоме ки зан кӯдаки чаҳоруми ҳалокшударо меорад, табибон ба гумону шубҳа афтода, дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд.

Худи Заррагул дар барномаи «Милитсия хабар медиҳад»- и телевизиони маҳаллии «Регар»   муфассал бобати чӣ гуна ва кай куштани фарзандонаш маълумот дода, аз ҷумла гуфтааст, ки ҳангоми ба катл расонидани кӯдакон гӯё ба як ҳолати бемории рӯҳӣ гирифтор мешудааст. Айбдоршаванда ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ намуд.

Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.