Хадамоти оташнишонии Суғд аз Чин боз як мошини сӯхторхомӯшкунӣ харидорӣ кард

            Хуҷанд. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд аз Чин боз як мошини сӯхторхомӯшкунӣ харидорӣ кард.             Тавре сардори раёсати мазкур Нозим Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ғунҷоиши зарфи оби мошин 6 тоннаву 400 килоро ташкил дода, мошин ҳамчунин бо таҷҳизоти замонавии оташнишонӣ ва лавозимоту асбоби зарурӣ барои ҳайати […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд аз Чин боз як мошини сӯхторхомӯшкунӣ харидорӣ кард.





           

Тавре сардори раёсати мазкур Нозим Маҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ғунҷоиши зарфи оби мошин 6 тоннаву 400 килоро ташкил дода, мошин ҳамчунин бо таҷҳизоти замонавии оташнишонӣ ва лавозимоту асбоби зарурӣ барои ҳайати шахсӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Арзиши мошин ба 290 ҳазор сомонӣ баробар аст.




           

Ба гуфтаи Н.Маҳмадов, ин дуввумин мошини сӯхторхомӯшкуниест, ки аз Чин харидорӣ мешавад ва акнун шумори нақлиёти нав, ки дар навбатдорӣ истифода мешавад, 9 ададро ташкил медиҳад. «Хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд бо 4 мошин ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом ва Истаравшан бо мошинҳои боқимонда таъмин гардиданд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.