spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тасдиқи тарофаҳои нави роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари Душанбе

Душанбе. 25-уми май. «Азия-Плюс» — Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки мутобиқи он, арзиши роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари пойтахт ба ҳисоби миёна 1,5-2 маротиба боло меравад.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, мутобиқи қарори мазкур ҳаққи роҳкиро ба навъҳои гуногуни воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе чунин муқаррар шуд:

1. Ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари истифодаи умумии шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути:

– автобусҳо – 1,20 (як сомониву бист дирам);

– троллейбусҳо – 70 (ҳафтод) дирам;

– микроавтобуси ГАЗел (бо бензин) – 1,60 (як сомониву шаст дирам);

– микроавтобуси ГАЗел (бо гази моеъ) – 1,20 (як сомониву бист дирам);

– микроавтобуси Хундай Старекс – 1,60 (як сомониву шаст дирам).

2. Арзиши чиптаи моҳона аз 1-уми июни соли 2011:

– барои донишҷӯён тавассути: – автобусҳо – 28 (бисту ҳашт) сомонӣ;

– троллейбусҳо – 21 (бисту як) сомонӣ;

– ягона (автобус-троллейбус) – 32 (сиву ду) сомонӣ;

– барои дигарон тавассути:

– автобусҳо – 36 (сиву шаш) сомонӣ;

– троллейбусҳо – 27 (бисту ҳафт) сомонӣ;

– ягона (автобус-троллейбус) – 42 (чилу ду) сомонӣ.

Ба қавли мавсуф, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо назардошти баланд гардидани нархи роҳкиро фарқияти субсидияи шахсони имтиёздорро дар доираи маблағҳои барои соҳаи нақлиёт дар буҷети соли 2011 тасдиқгардида тибқи тартиби муқарраргардида ба Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» пардохт намояд. «Ҳамчунин ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки таҷҳизонидани микроавтобусҳои бо гази моеъ фаъолияткунандаро дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликияташон бо аломатҳои фарқкунанда таъмин намоянд», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, қарори мазкур бо мақсади мӯътадил гардонидани фаъолияти нақлиёти мусофирбари истифодаи умумии шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнати ронандагон бо назардошти боло рафтани нархи сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва хулосаи Хадамоти зидиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки тарофаҳои амалкунандаи арзиши роҳкирои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе се сол пеш муқаррар шуда буданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...