Нишасти садамавии ҳавопаймои ТУ-154 дар фурудгоҳи пойтахт

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Фурудгохи байнулмилалии Душанбе тамринҳои муштараки кулли хадамоти фурудгоҳ ва хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба корҳои наҷотдиҳӣ доир гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, мутобиқи фарзия, дар тамрин хадамот наҷотдиҳии 50 нафар мусофирон аз ҳавопаймои оташгирифта зимни нишаст ба фурудгоҳро амалӣ сохтанд. «Амалиёти […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Фурудгохи байнулмилалии Душанбе тамринҳои муштараки кулли хадамоти фурудгоҳ ва хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба корҳои наҷотдиҳӣ доир гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, мутобиқи фарзия, дар тамрин хадамот наҷотдиҳии 50 нафар мусофирон аз ҳавопаймои оташгирифта зимни нишаст ба фурудгоҳро амалӣ сохтанд. «Амалиёти наҷотдиҳӣ дар якчанд марҳила сурат гирифта, мутахассисони хадамоти гуногун малакаҳои оташнишонӣ, наҷотдиҳии мусофирон ва расонидани кӯмаки аввалия ба ҷабридидагонро сайқал доданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли М.Шодиев, тамриноти ба ин монанд хеле муҳиму рӯзмарра буда,  ҳамасола ду-се маротиба гузаронида мешаванд ва зимни он дақиқиву муназзамӣ ва ботартиб будани корҳои дастаи наҷотдиҳандагон зимни садамаҳо санҷида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.