Баҳри қарздиҳӣ ба бахши кишоварзӣ 80 млн. сомонӣ ҷудо гардид

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати Тоҷикистон баҳри қарздиҳӣ ба бахши кишоварзӣ аз 90 млн. сомонии пешбинишуда дар буҷаи давлатӣ 80 млн. сомонӣ ҷудо кард, ки ба рушди ҳамаи соҳаҳо – пахтакориву чорводорӣ, боғдориву токпарварӣ ва ғайра равона хоҳад гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати сиёсати буҷавӣ дар соҳаҳои иқтисоди Вазорати молияи ҷумҳурӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати Тоҷикистон баҳри қарздиҳӣ ба бахши кишоварзӣ аз 90 млн. сомонии пешбинишуда дар буҷаи давлатӣ 80 млн. сомонӣ ҷудо кард, ки ба рушди ҳамаи соҳаҳо – пахтакориву чорводорӣ, боғдориву токпарварӣ ва ғайра равона хоҳад гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати сиёсати буҷавӣ дар соҳаҳои иқтисоди Вазорати молияи ҷумҳурӣ Темуралӣ Авғонов хабар дод, мутобиқи қарори содиршудаи ҳукумати ҶТ, вазорат ба бонкҳои тиҷоратӣ воистаҳои пулӣ ихтисос медиҳад, ки дар навбати худ, онҳо онро ба қарздиҳии бахши кишоварзӣ равона хоҳанд кард. «Ҳаҷми фоизи солонаи қарз ба кишоварзон 10% -ро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Авғонов таъид сохт, ки айни замон дар Вазорати молия дархостҳои бонкҳо бобати ихтисос додани қарзҳои ҳукуматӣ мавриди баррасӣ қарор дошта, пас аз анҷоми он миёни вазорат ва бонкҳо созишномаҳо ба имзо хоҳанд расид.

Солҳои қаблӣ ҳукумати кишвар тавассути бонкҳои ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», БДА «Амонтбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон», «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Бонки Эсхата» қарздиҳӣ ба бахши кишоварзиро амалӣ сохта буд.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2008-2010 тавассути бонкҳо ҷиҳати маблағгузории бахши кишоварзӣ 430 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Соли гузашта ихтисос додани 130 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, вале дархости бонкҳо 110 млн. сомониро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.