Ҳалокати зани ҳомиладор аз муолиҷаи як табибзан

Date:

Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба гумони даст доштан дар муолиҷаи ғайриқонунии тиббӣ ва фаъолияти хусусии дорусозӣ, ки ба ҳалокати зани ҳомиладор боис гардид,  нисбат ба сокини ноҳияи Синои пойтахт Марям Холхӯҷаева парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази маутбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, бар асари муолиҷаи ғайритахассусӣ аз ҷониби гумонбаршуда, ки маълумоти тиббӣ надоштааст, сокини 42-солаи шаҳри Душанбе Х.М. ба ҳалокат расидааст. «Зани ҳомиладор дар ҳолати вазнин ба яке аз таваллудхонаҳои пойтахт оварда шуда, ба табибон муяссар нашудааст, ки ӯро наҷот диҳанд. Натиҷаҳои ташхис нишон додаанд, ки тавассути рагҳои хунгард ба ҷисми ӯ дорувории хатарнок гузаронида шудаанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, гурӯҳи тафтишотӣ аллакай ошкор сохтааст, ки Марям Холхӯҷаева аз соли 1989 инҷониб бе ягон хел иҷозатнома ба фаъолияти хусусии тиббӣ-момодоягӣ машғул будааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...