Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ба хотири ҳалли масъалаи интиқоли барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои энергетикии Ӯзбекистон ба кишвар озими шаҳри Тошканд шуд.
Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон ният дорад дар давоми ду рӯз масъалаи мазкурро бо ҷониби Ӯзбекистон ба таври мусбат ҳал намояд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 1-уми январи соли ҷорӣ бо сабаби мавҷуд набудани созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи пардохти транзити барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқи Ӯзбекистон ба ҷумҳурии мо интиқоли барқи Туркманистон қатъ гардида буд.




