Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январ маъмулан моҳи тағйирот дар ҳайати ҳукумат ба шумор меравад. Ба ақидаи коршиносон, соли равон зарурати тағйироти кадрӣ бечунунаро вуҷуд дорад.
Номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо бар чунин назар аст, ки тағйироти ҷиддӣ дар бахши иқтисодии сохтори ҳукумат зарур аст. «Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки оқибатҳои онро Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ эҳсос хоҳад кард, ба сари вазифа омадани нахуствазири зиддибӯҳронӣ бо барномаи зиддибӯҳронӣ мувофиқи мақсад мебуд», – гуфт ӯ.
Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ, аз ӯҳдаи иҷрои чунин вазифаи пурмасъулият раиси БМТ Шариф Раҳимзода, раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Саъдуллоев, директор оид ба масоили тиҷорат ва молияи КВД «Талко» Шералӣ Кабиров ва собиқ нахуствазир ва тоҷири муваффақи имрӯз Яҳё Азимов ба хубӣ баромада метавонанд.
Дар ҳамин ҳол, коршинос мӯътақид аст, ки ба риояи усули маъмулии «зодаи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ» будани нахуствазир зарурате нест, зеро ҳар сарвазире, ки дар бахши идораи иқтисоду кадрҳо ваколати зарурӣ дорад, метавонад фаъолияти пурсамари ҳукуматро ба роҳ монад. «Танҳо дар чунин сурат ӯ метавонад дар назди президент ва халқ масъулият дошта бошад», – афзуд коршинос.





