spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

СММ дастрасӣ ба Интернетро ба феҳристи ҳуқуқҳои заминавии инсон ворид сохт

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Созмони Милали Муттаҳид дастрасии озодона ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро ба феҳристи ҳуқуқҳои заминавии инсон ворид сохт. Тавре дар гузориши созмон таъкид мешавад, шабакаи Интернет – воситаи ивазнашавандаи татбиқи як қатор ҳуқуқҳои инсон, мубориза алайҳи нобаробарӣ ва рушду пешрафт аст.

Гузориши СММ баҳри дастгирии истифодаи озодонаи шабакаи Интернет ба сифати барномаи ҷудонашавандаи коммуникатсионӣ барои ҳамаи ҷомеаи демократӣ равона гардида, ҳамчунин бобати дар чашми мансабдорон ба чӣ гуна душмане табдил ёфтани он маълумот медиҳад. «Имконот ва афзалияти бузурги Интернет дар суръати интиқоли маълумот, дастраси умум будани он ва махфӣ боқӣ мондани сарчашмаи аслии он ифода ёфта, ҳамзамон ин хусусияти паҳнкунии маълумот дар замони воқеъӣ аз ҷониби шахсони ҷудогона миёни ҳукуматҳо тарсу ҳарос ба вуҷуд меорад, ки ба маҳдудияти дастрасӣ ба шабака, қатъи фаъолияти он тавассути технологияҳои муосир, ошкор сохтани афроди фаъоли шабака, ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ва қабули қонунҳои иҷозатмедода ба он боис мегардад», – омадааст дар гузориш.

Барои исботи гуфтаҳои худ муаллифон ба гунаи мисол ҳодисаҳои манъи дастрасӣ ба шабака дар кишварҳои ҷаҳони араб ҳангоми гирдиҳамойиҳои оммавӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани муассиси сомонаи пурсарусадои Wikileaks Ҷулиан Ассанжро ёдрас менамоянд.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки «таъмини дастрасии ҳамаи шахсон  ба Интернет бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳар як давлат бошад».

Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи майи соли ҷорӣ ваколатдори муваққатии ИМА Кэрол Фуллер зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена аз вазъи озодии ВАО дар як қатор кишварҳои узви САҲА, аз ҷумла Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Кэрол Фкллер аз ҷумла изҳор дошта буд, ки ИМА бобати ҷорӣ сохтани маҳдудият ба дастрасӣ ба Интернет дар Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба фаъолияти рӯзмарраву мустақими аъзои мухолифини сиёсӣ ва гурӯҳҳои динӣ монеъа эҷод месозад, нигарон аст.

Ёдрас мекунем, ки иқдоми ахири ҳукуматдорони Тоҷикистон дар ин самт манъи муваққатии дастрасӣ ба сомонаи бародарони рӯҳонӣ Тӯраҷонзодаҳо буд.

Дар таърихи 20-уми майи соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ бо ирсоли номае ба унвони интернет-провайдерони Тоҷикистон, аз онҳо дархост кард, ки бинобар ба вуҷуд омадани сабабҳои техникӣ, муваққатан дастрасӣ ба сомонаи

 www.turajon.com 

қатъ карда шавад.

Дар робита ба масъалаи мазкур раиси Иттҳодияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Парвина Ибодова чунин ибрози андеша карда буд, ки дар амали зикршуда ангезаҳои сиёсӣ ба мушоҳида мерасанд.

Ба ақидаи коршиносон, сабабҳои ба ин монанд ҳукуматдорони кишварро водор сохтанд, ки моҳи октябри соли гузашта дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои ҷудогона, аз ҷумла Ferghana.ru, Centrasia.ru, Tjknews.com-ро низ қатъ созанд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...