Дар Тоҷикистон низоми ҷадиди қабул ва паҳни маълумот оид ба обуҳаво насб мегардад

Дата:


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мутахассисони «Росгидромет»-и Русия, ки ба Душанбе омадаанд, ба насби Маркази ҷадиди коммутатсионӣ шурӯъ мекунанд.




Ба гуфтаи муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров, низоми ҷадид ба беҳбуд бахшидан ва тезонидани раванди қабул ва паҳни маълумоти гидрометереологӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт. «Бо насби низоми ҷадид мӯҳлат ва суръати қабулу паҳни маълумот якчанд маротиба тезтар хоҳад шуд, – мегӯяд ӯ. – Низоми мавҷуда дар ҷумҳурӣ иқтидораш хеле заъиф буда, маълумоти гидрометереологӣ дар бораи обуҳаворо хеле дер омода месозад».



М.Сафаров афзуд, ки низоми ҷадид тавассути технологияи компютерии замонавӣ бо кӯмаки Интрнет кор хоҳад кард.



Мутахассисони русиягӣ то ахири моҳ ният доранд, ҳамтоҳои тоҷики худро бо тарзи кори низоми ҷадид омӯзонанд. Маркази мазкур бо дастгирии ҳукумати Швейтсария бо мақсади беҳбуди низоми гидрометереология дар Тоҷикистон насб мешавад.


Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное