Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4000 нусха китоб тақдим намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, китобҳое, ки ба фонди Китобхонаи асосии кишвар ворид гардиданд, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ, форсӣ, чинӣ, франсавӣ, украинӣ, туркӣ, олмонӣ буда, мавзӯъҳои гуногунро ба монанди сиёсат, иқтисод, фарҳанг, маориф, таълим ва ғайра дар бар мегиранд.
Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа кӯшиш доранд, ки ҷамъоварии китобҳоро идома дода, фонди китобхонаро бо адабиёти хориҷӣ ғанӣ гардонанд.


