Озодии як гурӯҳи тоҷикон аз ғуломӣ дар Иркутск

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нерӯҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Иркутски Русия панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз асорати як зан озод карданд. Дар ин бора Взгляд.ру бо истинод ба сарчашма дар Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар медиҳад. «Чанде қабл ба кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккил намояндаи ваколатдори сафири Тоҷикистон муроҷиат намуда, […]

Asia-Plus

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нерӯҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Иркутски Русия панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз асорати як зан озод карданд. Дар ин бора Взгляд.ру бо истинод ба сарчашма дар Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар медиҳад.

«Чанде қабл ба кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккил намояндаи ваколатдори сафири Тоҷикистон муроҷиат намуда, хабар додааст, ки як шаҳрванди тоҷик ба ӯ занг зада, изҳор доштааст, ки ӯ ва 4 нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фермаи деҳаи Марково дар асорат нигоҳ медоранд», – гуфта мешавад дар иттилоъи сомонаи раёсати корхои дохилӣ.

Бо дақиқан муайян кардани макони ҷойгиршавии шахси зангзада кормандони шӯъба дар ҳамроҳӣ бо нерӯҳои таъиноти махсус ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар як оғили чорво панҷ нафар муҳоҷирони тоҷикро пайдо месозанд. Онҳо ба кормандони мақомот гуфтаанд, ки соҳибзани ферма шиносномаашонро гирифта, ҳангоми пардохти маош аз гум шудани панҷ сар чорвои калони шохдораш ҳарф задаст ва сипас талаб намудааст, ки барои пардохти арзиши он онҳо бидуни маош ба ӯ кор кунанд. Ба муҳоҷирон ӯ танҳо обу нон медодааст ва онҳо дар оғил паҳлӯи чорво хуфтухез доштаанд.

Айни замон муҳоҷирон аз асорат озод гардида, ҳуҷҷатҳояшон ба онҳо баргардонида шудааст. Кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират ошкор кардаанд, ки онҳо дар қаламрави Русия ба таври қонунӣ қарор доранд. Аз рӯйи далели ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудан санҷиш гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.