Соли равон дар Конибодом ҳудуди 2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд

Конибодом. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон 750 нафар сокинони шаҳри Конибодом ҷиҳати дарёфти кор ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуданд Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати шаҳрии Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов хабар дод, аз ин микдор 598 нафар расман ба қайди бекорӣ гузошта шуда, 325 нафар минбаъд бо ҷойи […]

Акмал Алиев

Конибодом. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон 750 нафар сокинони шаҳри Конибодом ҷиҳати дарёфти кор ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуданд

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати шаҳрии Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов хабар дод, аз ин микдор 598 нафар расман ба қайди бекорӣ гузошта шуда, 325 нафар минбаъд бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. «Дар маҷмӯъ, айни замон шумори бекорони расман сабтшуда зиёда аз 1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, аз шумори умумии бекорон 113 нафар дар бахши кишоварзӣ, 71 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 36 нафар дар бахши саноат ва боқимонда дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. «Соли равон дар минтақа ҳудуди 2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки 1 ҳазору 200-тои он кори муваққатӣ, 654 – кори доимӣ ва 135 кори мавсимӣ мебошад», – мегӯяд вай.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки ба курсҳои омӯзиши касб 126 нафар бекорон ҷалб гардида, феълан 51 нафари онҳо курсҳоро хатм кардаанд. «Ба корҳои ҷамъиятӣ 44 нафар бекорон ҷалб карда шуданд», – афзуд А.Маҳкамов.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.