Раиси Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон тағйироти куллиро дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ зарур мешуморад

Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон – Абдуғанӣ Мамадазимов гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 бояд ба ислоҳоти бахши аграрӣ пардозад. Ба гуфтаи ӯ, ин ислоҳот набояд ба шакли супорише ба бонкҳо оид ба маблағгузории ин ё он бахш, масалан соҳаи пахтакорӣ бошад. «Мо, инак 17 сол мешавад, ки […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон – Абдуғанӣ Мамадазимов гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 бояд ба ислоҳоти бахши аграрӣ пардозад.




Ба гуфтаи ӯ, ин ислоҳот набояд ба шакли супорише ба бонкҳо оид ба маблағгузории ин ё он бахш, масалан соҳаи пахтакорӣ бошад. «Мо, инак 17 сол мешавад, ки дар бораи ислоҳоти бахши аграрӣ мегӯему мешунавем, аммо то ҳанӯз дар деҳоти кишвар, шахсони соҳибэҳтиром боз ҳамон раисони хоҷагиҳои деҳқонианд», – мегуяд ӯ.



Номбурда зикр кард, ки омили мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки мо аз ҳамон совхозу колхозҳои шӯравии собиқ он қадар дур нарафтаем. Ба гуфтаи Мамадазимов, мо билохир бояд заминро аз дасти ба қавле «раисони колхозҳо» пас гирем ва миёни оилаҳое, ки бевосита дар майдон меҳнат мекунанд, тақсим намоем. Дар акси ҳол, боз 10 соли дигар раисони колхозҳо, шахсони аз ҳама соҳибэҳтиром боқӣ хоҳанд монд ва ҳамзамон ҳосилнокии на танҳо пахта, балки гандуму картошка низ торафт кам шудан мегирад.



Коршинос мӯътақид аст, ки танҳо соҳиби асосии замин, яъне деҳқони асил метавонад вазъи соҳаи кишоварзиро ба самти мусбат тағйир диҳад.

  



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.