Ба ВКД-и Тоҷикистон перомуни ҳодисаи ғоратгарӣ дар Маскав маълумоте нарасидааст

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтоҳои русиягии худ перомуни ҳодисаи ғоратгарӣ дар Маскав маълумоте нарасидааст ва аз ин рӯ, дар ин хусус мо чизи саҳеҳе гуфта наметавонем, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди ВКД-и ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов. «Мо дар бораи ин ҳодиса аз ВАО-и Русия огоҳ […]

Asia-Plus

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтоҳои русиягии худ перомуни ҳодисаи ғоратгарӣ дар Маскав маълумоте нарасидааст ва аз ин рӯ, дар ин хусус мо чизи саҳеҳе гуфта наметавонем, – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди ВКД-и ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов.

«Мо дар бораи ин ҳодиса аз ВАО-и Русия огоҳ гаштем ва иштироки шаҳрвандони кишвари мо дар ҷиноятҳои дар қаламрави Русия содирмешуда нигаронкунанда аст», – гуфт ӯ.

Норматов таъкид сохт, ки рӯзҳои наздик мақомоти ҳифзи ҳуқуки Русия онҳоро аз ҷузъиёти ин ҳодиса огаҳ хоҳанд сохт.

Ташвиши як манбаъи дигар аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар он аст ВАО-и Русия чӣ гуна ба таври фаврӣ ва пурсарусадо аз ин ҳодиса хабар доданд. «Субҳи имрӯз аз замони боздошти гурӯҳ 72 соат сипарӣ мешавад ва мо дақиқан хоҳем фаҳмид, ки чанд нафар боздошт шудаву оё шаҳрвандони мо ба ин ҳодиса муносибат доранд ё на?», – зикр кард вай.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли гузашта дар қаламрави Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон 150 ҳодисаҳои ғоратгарӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 0,61% аз шумори умумии 24,5 ҳазор ҳодисаҳои ғоратгарии соли гузашта дар Русияро ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3-юми июл хабаргузориҳои Русия иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Маскав ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ 19 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон, як нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва як нафар шаҳрванди Русия мебошанд. Як гурӯҳи ғоратгарон ба анбори воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ворид гардида, бо таҳдиди яроқ посбонони анборро мебанданд ва сипас кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти мавҷуда дар анборро ғорат намоянд, вале кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онҳоро дастгир мекунанд. Аз боздоштшудагон норинҷаки худсохт, таппончаи «Оса», се тир ва 1,52 грамм героин мусодира шудааст.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.