Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шумориданд.
Зимни шарҳи моҳияти тағйироти мазкур ба намояндагони мардумӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор кард, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд барои созмон додан ва роҳандозии фаъолияти таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ, ки моҳияти ифротгароӣ доранд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи вазир, барои шаҳрвандони дар ин амалҳо дастдошта ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 12 сол ва созмондиҳандагони тазоҳурот, гирдиҳамойӣ ва роҳпаймоиҳои осоиштаи ғайриқонунӣ ҷазои аз 2 то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Вакилони палатаи поёнии парлумон ҳамчунин Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви СҲШ дар мубориза бар зидди ҷинояткориро якдилона маъқул шумориданд.