Имзои се созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ се созишнома дар бахши рушд ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин лоиҳаҳо соли равон аз ҷониби Шӯрои Мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ шудаанд. Ҳадафи асосии лоиҳа оид ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон […]

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ се созишнома дар бахши рушд ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ин лоиҳаҳо соли равон аз ҷониби Шӯрои Мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ шудаанд.

Ҳадафи асосии лоиҳа оид ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,2 млн. доллари ИМА такмили имконоти ҳуқумат бобати банақшагирӣ, баргузории мониторинг ва идоракунии равандҳои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолии камбизоат, баргузории омӯзиш ва бо таҷҳизоту таркиботи дахлдор таъмин кардан барои таҳкими имконот аст.

Лоиҳаи дуюм оид ба обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 16 млн. доллари ИМА ба беҳбуди самаранокии фаъолияти корхонаҳои обтаъминкунӣ дар ноҳияҳои ҷудогонаи шаҳри Душанбе ва ҳамчунин расонидани кӯмаки техникӣ барои афзудани имконот ва ҳамчунин чорабиниҳо оид ба афзудани имконоти корхонаи «Обу корези Душанбе» нигаронида шудааст.

Ҳадафи лоиҳаи сеюм оид ба таҷдиди фаъолияти хадамоти гидрометереологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба маблағи умумии 27,7 млн. доллари ИМА дар пешниҳоди дақиқ ва саривақтии хизматгузориҳои гидрометереологӣ дар минтақа, бахусус дар Тоҷикистону Қирғизистон ифода меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.