Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи КБСС

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Душанбе мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз баргузор шуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх […]

Asia-Plus

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Душанбе мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз баргузор шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар соҳаи таъмин намудани аҳолӣ бо дастрасии хизматҳои тиббӣ ва оби нӯшокӣ, аз ҷумла сохтмони бинои маркази КБСС дар ноҳияи Рашт, маркази тибби муосир бо таҷҳизоти ташхисии тиббӣ ва лоиҳаи бо об таъминкунии аҳолӣ, муҳокима гардиданд. Инчунин, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи минарубӣ ва таҳкими иқтидор дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла беҳсозии шарту шароит дар муассисаҳои пенититсиарӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуданд.

 Бояд қайд кард, ки Намояндагии КБСС фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 1993 оғоз кардааст. Дар ҳошияи фаъолияти худ КБСС кӯмаки башарӣ ва тиббӣ мерасонад, барои интишори дониш дар соҳаи ҳуқуқӣ байналмилалии башарӣ мусоидат карда, барномаи огоҳи аз хатари минаҳоро татбиқ менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.