Гуфтушуниди дабири кулли СААД бо роҳбарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуюми рӯзи чоршанбе дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуюми рӯзи чоршанбе дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ин гуфтушунидҳо масоили даст ёфтан ба таъмини амнияти минтақа, ҳамкории низомии мутақобилаи ҷонибҳо, таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгроии мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аслиҳа ва ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуданд. «Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, зимни сафари худ ба Тоҷикистон, ки  то 15-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад, Н.Бордюжа аз як қатор қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ боздид карда, бо шароитҳои будубоши афсарону сарбозон ва сатҳи омодагии ҳарбии онҳо аз наздик ошно хоҳад гардид.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.