Нисбат ба солҳои 90-ум мизони таваллуд дар Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфт

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нисбат ба солҳои 90-ум мизони таваллуд дар Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати идораи ташкили хизматгузорӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Шералӣ Раҳматуллоев хабар дод, агар дар солҳои 90-уми асри гузашта ба як оила 607 нафар кӯдак рост меомад, айни […]

Мавҷуда Ҳасанова

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нисбат ба солҳои 90-ум мизони таваллуд дар Тоҷикистон ду баробар коҳиш ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати идораи ташкили хизматгузорӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Шералӣ Раҳматуллоев хабар дод, агар дар солҳои 90-уми асри гузашта ба як оила 607 нафар кӯдак рост меомад, айни замон дар як оила ба ҳисоби миёнаи оморӣ 3-4 нафар кӯдак рост меояд ва ин гувоҳи он аст, ки тоҷикистониён банақшагирии зиндагии оилавиро омӯхтаанд. «Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мизони таваллуди кӯдакон дар кишвар ба миқдори 4 ҳазор нафар камтар шуда, агар дар зарфи 6 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 100 ҳазору 893 тифли навзод ба дунё омада бошад, пас дар шаш моҳи соли равон ин шумор 96 ҳазору 982 нафар тифли навзодро ташкил медиҳад», – гуфт вай.

Раҳматуллоев аз вазни барзиёди занони тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, мегӯяд, ин мушкилот дар занони синнусоли ба таваллуд мувофиқи Тоҷикистон бисёр рӯзмарраву ҳалталаб аст. «Феълан беш аз 42%-и занони пойтахт вазни аз меъёр зиёд доранд, ки ҳангоми таваллуд ба онҳо мушкилот эҷод сохта, дар баъзе ҳолатҳо боиси марг ҳам мешавад», – афзуд номбурда.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мизони маргу мири модарон 45,4 ба 100 ҳазор тифли навзодро ташкил додааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда 49,6 ба 100 ҳазор нафар тифл рост меомад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.