Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Мутобиқи қарори Ҳукумати
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон аз 29-уми декабри соли гузашта, аз 1 марти соли 2009 Вомбаргҳои нави давлатии дохилии бурднок ба муомилот бароварда мешаванд.
Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомон
ӣ
ба м
ӯ
ҳлати 10 сол ба муомилот бароварда шуда,
бурдҳояшон ба андозаи аз 20 то 1500 сомон
ӣ
муқаррар гардидааст ва ин коғазҳои қиматнок феълан дар як ширкати олмонӣ, ки пулҳои миллии Тоҷикистон – сомонӣ низ дар он нашр шудааст, чоп мегарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дорандагони Вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд. «Дар м
ӯ
ҳлати 10 соли муомилоти вомбарг 60 тиражи бозиҳо – ҳар сол 6 тираж
ӣ
ё дар ду моҳ як бор гузаронда мешавад», – гуфт сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки тиражи навбатии 41-уми бозиҳои вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 дар бинои Вазорати молияи ҷумҳурӣ рӯзи 30-уми январ баргузор мегардад.


