Таҳияи «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 60 нафар олимон

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон, ки рӯйи таҳияи он 60 нафар олимон машғуланд, ахири соли 2012 ба табъ хоҳад расид, – изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов. Дар робита ба ин масъъала Талбак Салимов мегӯяд, «Китоби сурх»-и нахустин ва ягонаи Тоҷикистон […]

Машҳура Абдуллоева

Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон, ки рӯйи таҳияи он 60 нафар олимон машғуланд, ахири соли 2012 ба табъ хоҳад расид, – изҳор дошт дар ҷамъи рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ Талбак Салимов.

Дар робита ба ин масъъала Талбак Салимов мегӯяд, «Китоби сурх»-и нахустин ва ягонаи Тоҷикистон соли 1988 ба чоп расида, соли 1994 тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ нашр шуд. «Аз он замон дар таркиби набототу хайвоноту Тоҷикистон тағйироти зиёде ба вуқӯъ пайвастанд ва бо назардошти он, мо ният дорем, ки «Китоби сурх»-и нави кишварро аз нав таҳия намоем», – иброз дошт вай.

Дар «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон дар бораи вазъ, ҷараёни паҳншавӣ ва макони зисти ҳайвоноту наботот, чораҳо бобати ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ки дар ҳоли нестшавӣ қарор доранд ва дигар организмҳои муваққатан ё доимӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маскунбуда маълумоти муфассал дарҷ хоҳад ёфт.

Бо қарори ҳукумат аллакай ҳайати мушовараи муҳаррирони таҳияи «Китоби сурх»-и нави Тоҷикистон таъсис ёфта, барои таҳия ва нашри он аз ҳисоби бюҷети давлатӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.