Даъвати Афви Байнулмилал бобати даст кашидан аз талаби истирдоди Исмон Азимов

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Созмони Amnesty International (Афви Байнулмилал) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки аз истирдоди Исмон Азимов, ки ба ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша (моддаи 182, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гумонбар дониста мешавад, даст кашад. Дар баёнияи созмони Amnesty International дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, Исмон Азимовро […]

Asia-Plus

Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Созмони Amnesty International (Афви Байнулмилал) аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки аз истирдоди Исмон Азимов, ки ба ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша (моддаи 182, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гумонбар дониста мешавад, даст кашад.

Дар баёнияи созмони Amnesty International дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, Исмон Азимовро ба даст доштан дар фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гумонбар медонанд. Amnesty International мӯътақид аст, ки пас аз истирдод ба Тоҷикистон ба Исмон Азизов метавонад истифодаи шиканҷаву дигар кирдори золимона таҳдид намояд.

«Дар муддати якчанд сол ба  Amnesty International  дар бораи истифодаи шиканҷа ва кирдори золимона нисбати шахсоне, ки ба Тоҷикистон истирдод мешаванд, хабарҳо мерасанд. Дар Тоҷикистон гумонбаршудагон ба «ифротгароии исломӣ» бештар мавриди шиканҷаву рафтори бераҳмона қарор мегиранд», – омадааст дар баёнияи созмон.

Исмон Азимовро дар таърихи 3-юми ноябри соли 2010 дар Русия ба ҳабс гирифтанд. Санаи 29-уми июни соли 2011 адвокати ӯро огоҳ сохтанд, ки муовини прокурори генералии Русия оид ба истирдоди Исмон Азимов қарор қабул кардааст. Рӯзи 19-уми июл ҷаласаи Суди вилоятии Маскав оид ба таҷдиди назари қарори прокуратура таъин шудааст.

Исмон Азимов дархост намуда буд, ки ба ӯ дар Русия паноҳгоҳ диҳанд. Ахири моҳи июни соли 2011 Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар асоси қарори Хадамоти федеролии муҳоҷирати вилояти Маскав, ки қаблан дархости Азимовро бобати ба ӯ додани мақоми гуреза рад сохта буд, ин дафъа низ дархости ӯро рад кард. Айни замон адвокати Азимов кӯшиш дорад аз болои ин қарор ба суди нохиявии Басмани шаҳри Маскав даъво пеш оварда, онро баррасӣ намояд. Amnesty International тахмин мезанад, ки Исмон Азимов метавонад то баррасии ин парванда истирдод гардад.

Адвокати Исмон Азимов ва ТҒД «Институти ҳуқуқи инсон», ки барои намояндагии манфиатҳои Исмон Азимов адвокат даъват кардаасту ҷараёни ин парвандаро ҷиддӣ пайгирӣ дорад, тасдиқ месозанд, ки зерҳимояи онҳо ба фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳеҷ муносибате надорад. Дар дархост барои истирдоди Азимов, ки ҳукумати Тоҷикистон соли 2009 ба Русия ирсол намуда буд, ҳамчунин айбдории Азимов дар иштирок ва таблиғоти ғояҳои ҲИӮ дар мохи октябри соли 2007 низ замима гардида буд. Адвокати ӯ ба Amnesty International изҳор кардааст, ки он замон (октябри соли 2007) Исмон Азимов дар Маскав қарор дошт ва шурӯъ аз соли 2002 ба сифати фурӯшандаи меваи хушк фаъолият дошт. Фасли тобистон ӯ аҳёнан барои иштирок дар ҷамъоврии ҳосил ба Тоҷикистон сафар мекард.

Amnesty International хоирррасон месозад, ки ҳуқуқи байнулмилалӣ дар соҳаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон истирдоди шахс ба кишварҳоеро, ки дар онҳо ба ӯ метавонад истифодаи шиканҷаву кирдори золимона таҳдид намояд, манъ кардааст. Бо такя ба ин, созмони мазкур бознигарии дархости Азимов дар бораи ба ӯ додани мақоми гуреза мутобиқи муқаррароти Конвенсия дар бораи мақоми гурезагони соли 1951-ро дархост мекунад. Ҳамчунин дархост мешавад, ки дар сурати ба мақоми гуреза мувофиқат накардани ӯ, дигар шаклҳои дифоъи байнулмилалӣ низ ба эътибор гирифта шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.