Оғози корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-марзи Ӯзбекистон

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | ояндаи назди амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон, ки масофааш беш аз 60 километр аст, оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон хабар доданд, сабаби аслии муддати се моҳ мутаваққиф шудани оғози татбиқи лоиҳа дар он аст, ки мебоист 300 […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | ояндаи назди амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон, ки масофааш беш аз 60 километр аст, оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон хабар доданд, сабаби аслии муддати се моҳ мутаваққиф шудани оғози татбиқи лоиҳа дар он аст, ки мебоист 300 хонаҳои дар канори роҳ воқеъбуда аз байн бардошта мешуд.

«Айни замон ин мушкилот ҳал гардида, соҳибони хонаҳо ба ҷойи дигар кӯчонида шуданд», – гуфтанд дар марказ.

Бино ба иттилои манбаъ, барои амалисозии лоиҳаи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳудуди 186 млн. доллари ИМА ҷудо карда мешавад, ки 120 млн. $ – ҳиссаи Бонки осиёгии рушд, 39 млн. $ – саҳми Тоҷикистон ва 27 млн. $ – ҳиссаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аст.

Дар посух ба суоли он, ки оё ин роҳ пас аз таҷдид пулакӣ мешавад, манбаъ посухи мушаххасе надод. «Ба ҳалли масъалаи мазкур Марказ салоҳият надошта, ин ҳуқуқи мустаснои ҳукумат аст», – афзуд сарчашма. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.