Оғози парвандаҳои ҷиноӣ бар асоси маводи ВАО

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар иҷлосияи имрӯза аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шумориданд. Узви палата Нуриддин Саидов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд барои созмон додан ва роҳандозии фаъолияти таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ, ки моҳияти ифротгароӣ доранд, ҷавобгарии […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар иҷлосияи имрӯза аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро маъқул шумориданд.

Узви палата Нуриддин Саидов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки мутобиқи ин тағйирот, минбаъд барои созмон додан ва роҳандозии фаъолияти таълимгоҳҳои ғайриқонунии динӣ, ки моҳияти ифротгароӣ доранд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров, барои шаҳрвандони дар ин амалҳо дастдошта ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 12 сол пешбинӣ шудааст.

«Мутобиқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои созмондиҳандагон ва иштирокчиёни фаъоли тазоҳурот, гирдиҳамойӣ ва роҳпаймоиҳои осоиштаи ғайриқонунӣ ҷазои аз 2 то 5 соли зиндон муқаррар гардидааст», – зикр кард А.Қаҳҳоров.

Аъзои палатаи болоии парлумон ҳамчунин тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии ҶТ-ро, ки минбаъд бар асоси маводи интишорёфта дар ВАО боз кардани парвандаи ҷиноиро пешбинӣ менамояд, низ маъқул шумориданд.

«Албатта, агар дар чунин мавод далелҳои қотеъонаи исботи риоя накардани қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеъӣ ё ҳуқуқӣ мавҷуд бошад», – шарҳ дод ин масъаларо Н.Саидов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.