Боздошти шаҳрванди Русия бо миқдори зиёди маводи мухаддир

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои истироҳати сипаришуда кормандони милиса дар қаламрави шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир шаҳрванди 21-солаи шаҳри Липецки Русия Д.Р.-ро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии шахсии боздоштшуда аз кисаҳои ӯ ҳудуди […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзҳои истироҳати сипаришуда кормандони милиса дар қаламрави шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир шаҳрванди 21-солаи шаҳри Липецки Русия Д.Р.-ро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии шахсии боздоштшуда аз кисаҳои ӯ ҳудуди 950 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

«Ҳангоми азназаргузаронии манзили иҷораи ӯ 22 бастаи дорои 20 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти вазорат.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, шаҳрванди Русия ба ҳабс гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.