Омодагирии фаъоли ҲНИТ ба анҷумани навбатӣ

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Гурӯхи кории махсуси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи зарурӣ доир сохтани анҷумани 9-уми ҳизб, ки рӯзи 24-уми сентябри соли равон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, ба кори анҷумани 9-ум ба ҷуз вакилон аз бахшҳои минтақавӣ, ҳамчунин даъвати […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Гурӯхи кории махсуси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи зарурӣ доир сохтани анҷумани 9-уми ҳизб, ки рӯзи 24-уми сентябри соли равон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, ба кори анҷумани 9-ум ба ҷуз вакилон аз бахшҳои минтақавӣ, ҳамчунин даъвати намояндагони аҳзоби сиёсии хориҷӣ ва ватанӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар анҷуман ҳисоботи мақомоти раҳбарии ҳизб дар бораи фаъолияти чор соли ахир баррасӣ шуда, ҳамчунин интихоби ҳайати нави мақомоти раҳбарии ҳизб доир мегардад.

Дар робита ба масъалаи ташаббуси раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ роҷеъ ба маҳдуд сохтани интихоби як шахс ба мақоми раисӣ на бештар аз ду маротиба, М.Ҳайит таъкид сохт, ки «бешубҳа, ин ташаббус зимни кори анҷуман баррасӣ хоҳад шуд». «Вале мақомоти раҳбарии ҳизбро на мансабдорони ҷудогона, балки вакилони анҷуман интихоб мекунанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.