Ифтитоҳи қабулгоҳи ҷамъиятии дуюм дар Қӯрғонтеппа

Date:

Қӯрғонтеппа. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа қабулгоҳи ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи қабулгоҳ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини раиси вилоят Абдуғаффор Раҳмонов ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Зарфи Ализода роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятӣ – собиқ мудири шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Қурбон Мирзоевро муаррифӣ намуд. Интизорӣ меравад, ки қабулгоҳи мазкур дар шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолона ба дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва беҳбуд бахшидан ба сатҳи саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ машғул хоҳад шуд. Ин қабулгоҳи ҷамъиятии ҳуқуқии дуюм дар Тоҷикистон аст. Қабулгоҳи аввалин дар шаҳри Турсунзода кушода шуда буд. Минбаъд ифтитоҳи чунин қабулгоҳҳо дар шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

«Шумори арзу шикоят ба қабулгоҳҳо дар ҳоли афзоиш буда, ин гувоҳи он аст, ки мардум ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои худ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд», – гуфт Ализода.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи чор моҳи соли 2009 ва тамоми давраи соли 2010 ба дастгоҳи Омбудсмен 1 ҳазору 542 арзу шикояти шаҳрвандон ворид шудааст, ки 443-тои онҳо хаттӣ мебошанд. Аслан ин арзу шикоят аз болои судҳо, содир кардани ҳукмномаҳои беҳад вазнин ва ғайра дахл доранд. Аз миқдори умумии ин шикоятҳо 66-тояш аз вилояти Хатлон фиристода шудааст.

«Яке аз камбудиҳои ҷиддии мақомоти судии мо – бидуни таваҷҷӯҳ гузоштани шикояти айбдоршавандагон оид ба истифодаи шиканҷа нисбати онҳо зимни тафтишоти пешакӣ ё боздошт маҳсуб меёбад. Дар ин масъала судҳо аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор нестанд. Ҳангоме ки дар мурофиаҳои судӣ айбдоршавандагон аз истифодаи шиканҷа арз мекунанд, судҳои мо чӣ гуна амал карданро намедонанд. Айни замон мо ин масъаларо бо Суди Олии кишвар баррасӣ дорем ва бобати ин масъала як қатор семинару машваратҳо доир сохтем», – изҳор кард Ализода.

Ба ақидаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мушкилоти дигар дар он аст, ки на ҳамеша аз ҷониби мақомот ҳуқуқи гумонбаршудагон, аз ҷумла саривақт хабар додан ба хешовандон дар бораи боздошт риоя карда мешавад.

Дастгоҳи Омбудсмен ба парлумон ва ҳукумати кишвар 58 тавсия оид ба ҳуқуқи инсонро ирсол кард. Ба КҶ ворид сохтани моддаи алоҳида оид ба шиканҷа, дар бюҷет пешбинӣ кардани маблағи муайян ҷиҳати пардохти хизматгузории адвокат барои шаҳрвандони камбизоат, пардохти саривақтии алиментҳо ва бознигарии механизми таъмини адвокат ба таври ройгон аз ҷумлаи ин тавсияҳо мебошанд.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related