Гузаргоҳҳои зеризаминии нави Душанбе 20-уми август ба истифода дода мешаванд

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар назди бинои «Олами китоб» ва меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе 20-уми август ба итмом мерасанд. Дар ин бора муовини раиси пойтахт Сайвалӣ Сафаров хабар дод. «Сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ рӯзи 10-уми июл шурӯъ шуда, анҷоми онҳо муддати 6 моҳ пешбинӣ гардида буд. Айни замон дар он […]

Фирӯз Умарзода

Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар назди бинои «Олами китоб» ва меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе 20-уми август ба итмом мерасанд. Дар ин бора муовини раиси пойтахт Сайвалӣ Сафаров хабар дод.

«Сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ рӯзи 10-уми июл шурӯъ шуда, анҷоми онҳо муддати 6 моҳ пешбинӣ гардида буд. Айни замон дар он ҷо дар се баст кор ташкил гардида, рӯзи 20-уми август гузаргоҳҳо мавриди истифода қарор мегиранд», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд.

Ба қавли Сафаров, аз 26-уми июл корҳои таъмири асосии кӯчаи Шоҳтемур дар назди меҳмонхонаи Тоҷикистон оғоз гардидаанд. «Дар як вақт ҳамчунин дар кӯчаҳои Бухоро, Дӯстии халқҳо, Соҳилӣ, Дониш, роҳи марказии протоколӣ ва кӯчаи Айнӣ то дарвозаҳои шарқии шаҳр корҳои таъмиру тармим гузаронида шуда истодаанд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.