Дар Суғд аз ҳама бештар сохторҳои бонкӣ фасодзадаанд

Date:

Хуҷанд. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд кормандони сохтори бонкӣ аз ҳамеша бештар ҷиноёти коррупсионӣ содир кардаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Ҳусейн Оқилов хабар дод, кормандони сохторҳои бонкии вилоят асосан ба содир намудани ҷиноятҳое аз қабили дуздии воситаҳои ба сифати қарз пешниҳодгардида, азхудкунӣ ё камомад, қабул ё пешниҳоди ғайриқонунии қарз ва ғайра даст задаанд. «Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони сохторҳои бонкии вилоят 35 ҷинояти коррупсионӣ содир гардид», – гуфт ӯ.

Ба қавли вай, мақоми дуввумро дар «пешсафӣ»-и содир намудани ҷиноёти коррупсионӣ кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ишғол менамоянд, ки шумори ҷиноятҳои содиркардаи онҳо ба 13 адад баробар аст. «Дар бахши маориф 13 ва кумитаҳои замини вилоят 9 далели содир гардидани ҷиноёти коррупсионӣ ба қайд гирифта шуданд», – афзуд номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...