Ҳашт кушта дар задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Афғонистон

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон боз нияти убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистонро пеш гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ноҳияи Шӯрообод марзбонони тоҷик 12 нафар қочоқбарони нашъаи афғонро ба мушоҳида мегиранд. «Зимни задухӯрди мусаллаҳона миёни ҷонибҳо 8 нафар қочоқбари афғон кушта шуданд», – гуфт […]

Asia-Plus

Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон боз нияти убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистонро пеш гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ноҳияи Шӯрообод марзбонони тоҷик 12 нафар қочоқбарони нашъаи афғонро ба мушоҳида мегиранд. «Зимни задухӯрди мусаллаҳона миёни ҷонибҳо 8 нафар қочоқбари афғон кушта шуданд», – гуфт манбаъ, вале аз осеб дидани марзбонон чизе изҳор накард.

Ба иттилои сарчашма, дар ҷойи задухӯрд миқдори зиёди аслиҳаи оташфишон ва тахминан 50 кило маводи мухаддири навъъи ҳашиш дарёфт шудааст.

Дарозии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1 ҳазору 344 километрро ташкил медиҳад. Як моҳ қабл низ марзбонони тоҷик аз убури ғайриқонунии як гурӯҳи ҷангиёни афғон ҷилавгирӣ намуда, ду ҷангии афғонро ба қатл расонида буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.