Боздошти 7 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони қочоқи нашъа дар хориҷи кишвар

Date:

Хуҷанд. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон 7 нафар сокинони вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар хориҷи кишвар боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари вилояти Суғд хабар доданд, панҷ тан аз онҳо дар қаламрави Русия ва 2 нафар дар Қирғизистон боздошт гардида, аз онҳо 85 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта дар хориҷи кишвар ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 5 нафар сокинони вилоят боздошт ва аз онҳо 23 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 6 нафар шаҳрвадони хориҷӣ боздошт шуданд, ки 1 нафар шаҳрванди Русия ва 5 нафар шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд. Аз шаҳрвандони Қирғизистон 61 кило маводи мухаддири ҳашиш мусодира гардида, нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289 (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аз шаҳрванди Русия 643 грамм маводи сахттаъсири героин мусодира шуда, нисбати ӯ низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаоври вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд аз муомилоти ғайриқонунӣ 359 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки 34 килояш героин мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 169 кило баробар буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...