Зарурати таъмини ҳимояи давлатии судии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ дар Тоҷикистон

Хуҷанд. 30-юми июл. «Азия-Плюс» — | Қонун дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, аз ҷумла шоҳидон муҳиму рӯзмарра буда, минбаъд мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд Манзура Мамадова дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки то ҳол дар додгоҳи […]

Бахтиёр Валиев

Хуҷанд. 30-юми июл. «Азия-Плюс» — | Қонун дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, аз ҷумла шоҳидон муҳиму рӯзмарра буда, минбаъд мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси додгоҳи шаҳри Чкаловски вилояти Суғд Манзура Мамадова дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки то ҳол дар додгоҳи шаҳр аз ин қонун истифода нашудааст, зеро ба таъмини ҳифзи шоҳидони мурофиаҳои ҷиноӣ зарурат пеш наомадааст. «Шоҳидони ҷониби айбдоркунанда ва ҳимоя ҳамеша саривақт ба мурофиаҳо ҳозир мешуданд ва ҳолате мавҷуд набуд, ки онҳоро маҷбур оварда бошанд», – мегӯяд Мамадова.

«Ҳамчунин ҳодисаҳои фишор ё таҳдид ба шоҳидон аз ҷониби гумонбаршудагони асосӣ дар мурофиаҳои ҷиноӣ низ ба қайд гирифта нушдааст, аммо минбаъд ин қонун аз ҷониби додгоҳҳо барои ҳифзи шоҳидон бахусус зимни баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин мавриди истифода қарор мегирад», – изҳор кард раиси додгоҳи шаҳри Чкаловск.

Ба қавли номбурда, дар зарфи 6 моҳи соли 2010 аз ҷониби додгоҳ 46 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла тибқи моддаҳои «Одамкушӣ» ва «Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ» баррасӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» қабул шуд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, андешидани чораҳои таъмини амният, дастгирии иҷтимоии шахсони зикршуда ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани онро тасдиқ месозад. Қобили зикр аст, ки Қонун на танҳо ҳимояи шоҳидон, балки иштирокчиёни дигари мурофиаҳои ҷиноӣ: додситон – айбдоркунандаи давлатӣ, ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ғайраро низ кафолат медиҳад.  

Чораҳои таъмини ҳимояи давлатӣ нисбат ба даъвогар, шоҳид, ҷабрдидаи ҷиноят ё дигар шахсони мусоидаткунанда ба пешгирӣ ё ошкор сохтани ҷиноят метавонанд то оғози парвандаи ҷиноӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Нисбат ба шахси таҳти ҳимоя қарордошта дар як вақт метавонад як ё якчанд чораи таъмини амният, аз ҷумла таъмин бо муҳофизони хусусӣ, ҳифзи манзил ва амвол, додани воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва ғайра истифода гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.