Таъмини ба қадри ҳол ройгони оилаҳои камбизоати пойтахт бо гӯшт

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа дар радифи масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ намояндагони бахши савдо ва тиҷорати шаҳр, аз ҷумла соҳибкорони ба интиқол ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ва маводи сӯзишворӣ машғулиятдошта, имомхатибони масҷидҳои […]

Asia-Plus

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа дар радифи масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ намояндагони бахши савдо ва тиҷорати шаҳр, аз ҷумла соҳибкорони ба интиқол ва фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ва маводи сӯзишворӣ машғулиятдошта, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ иштирок намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, масъалаи муҳимтарини ҷаласа дар қатори дигар масоили мубрами хоҷагидории шаҳр баррасии ғановати бозори истеъмолии шаҳр дар моҳи шарифи Рамазон ба ҳисоб мерафт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи оини шаҳрдорӣ кулли соҳибкорони дар бозори истеъмолии пойтахт фаъолиятдоштаро ба инсофу эҳтироми рисолати моҳи муборак даъват намуда, директорони бозорҳои коммуналии шаҳр, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва 20 нафар соҳибкорони растаи гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-юми шаҳрро, ки барои таъминоти аҳолии шаҳр бо гӯшт аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ қарзҳои бефоиз дарёфт намудаанд, муваззаф сохт, ки бо нархи ҷории 23 сомонӣ фурӯши гӯшти хушсифати говро дар шаҳр ба роҳ монанд.

Дар ин росто муқаррар гардид, ки баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоии шаҳр тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд. Бо ин мақсад бобати ҳамовозӣ ибтикороти роҳбари растаи гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-юми шаҳр оид ба ҳамарӯза 1 тонна гӯшти гӯсфанд бо нари 23 сомонӣ барои муассисаҳои иҷтимоии шаҳр ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳамарӯза 1 тонна гӯшти гов бо нархи 22 сомонӣ барои оилаҳои камбизоат дар асоси рӯйхати шаҳрдорӣ ҷонибдорӣ карда шуд. Дар ин радиф роҳбарони бозорҳои коммуналӣ ҳамарӯза 10 кг, «Корвон», «Панҷшер» ва «Ганҷина» ҳар кадоме 30 кг ва дигар бозорҳои хусусӣ ҳар кадоме ҳамарӯза 5 кг гӯшти хушсифати говро тибқи рӯйхати шаҳрдорӣ ба оилаҳои камбизоат тариқи ройгон дастрас намоянд.

Баҳри коҳиш додани нархи маҳсулот дар тӯли моҳи Рамазон дастур гардид, ки санҷишҳои мақомоти дахлдори назоратии давлатӣ, ба истиснои хадамоти санитарию бойторӣ дар бозорҳои ҳудуди шаҳр манъ дошта шуда, комиссияи марбутаи депутатию ҷамъиятӣ нисбати масъалаи аз чинишҳои яквақтинаи бозорӣ дар тамоми бозорҳо озод намудани соҳибкорони ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ машғулиятдоштаро зимни омӯзиш таклифҳо унвонии шаҳрдорӣ ирсол намоянд.

Зикр гардид, ки баҳри ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза аз хоҷагиҳои ёрирасони аз ҷониби бозорҳои коммуналии шаҳрӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон таъсисдода ҳамарӯза ворид намудани маҳсулоти ниёзи аввалия бояд ба роҳ монда шавад. Комиссияҳои марбутаи депутатию ҷамъиятӣ барои дақиқ намудани воқеияти хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулот мониторинги воридоти маҳсулот ба бозорҳо ва ҳолати хоҷагиҳои ёрирасонро зимни боздид бояд арзёбӣ намоянд.

Зимнан барои тақвияти корҳои оммавӣ дар мавриди дар моҳи шарифи Рамазон даст задан бо кори хайрот ва аз рӯи инсоф кор гирифтан дар савдои молу маҳсулот дастур гардид, ки потенсиали имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи Душанбе дар маъракаи мазкур фаровон раҳнамун карда шаванд. Бо ин мақсад муқаррар гашт, ки дар бозорҳои коммуналӣ имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дар бозорҳои хусусӣ имомхатибони масҷидҳои панҷвақта вобаста карда шаванд.

Дар робита ба масъалаи маводи сӯзишвории нақлиётӣ дар ҷаласа соҳибкорон иқдом намуданд, ки дар моҳи Рамазон шурӯъ аз 2-юми августи соли ҷорӣ дар ҳама нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ дар шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ 1 литр бензини навъи АИ-92 бо нархи 6 сомонию 20 дирам ва гази моеъро бо нархи 2 сомонию 90 дирам ба фурӯш мегузоранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.