Коҳиши боҷи содиротии Русия ба маводи сӯзишворӣ

Date:

Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз 1-уми августи соли ҷорӣ боҷи содиротии гумрукии Русия ба маводи сӯзишворӣ боз ба ҳисоби миёна ба андозаи 1,6% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти сомонаи ҳукумати Русия, аз 1-уми август боҷи содиротии маводи сӯзишвории ба истилоҳ сафед аз 298,2 то 293,6 $ ва сиёҳ аз 207,8 то 204,6 $ кам карда шудааст.

Ҳаҷми боҷи содиротӣ ба бензин нисбат ба 400,5 $-и моҳи июл то 394,4 $ барои 1 тонна поин бурда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ба наздикӣ аз воридоти як миқдор бензин бо арзиши боҷи содиротии моҳи июл муқарраршуда интизорӣ меравад.

Пешбинӣ мешавад, ки нархи бензини «мардумитарин»-и АИ-92 ба андозаи 10 дирам кам шуда, 6 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад. Қимати сӯзишвории дизелӣ низ 10 дирам коҳиш ёфта, аз 5 сомониву 70 дирам боло нахоҳад буд.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод, ҳисссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон 83%-ро ташкил медиҳад. Тайи моҳҳои январ-июни соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 255,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 213 ҳазор тоннаи он ба Русия рост меояд.

Ҳаҷми боқимондаи маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ворид гардид.

Мониторинги аз ҷониби кормандони Вазорати рушди иқтисод доиргардида гувоҳи он аст, ки соли равон қимати бензин дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 43% боло рафтааст. Танҳо дар моҳҳои июн ва июли соли ҷорӣ арзиши он 14% афзоиш ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...