Данғара: Назди посгоҳи БДА як нафар зери чархи КАМАЗ монд

Date:

Душанбе. 9-уми август:. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Данғара назди посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ як нафар зери чархи автомашинаи КАМАЗ монд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи КАМАЗ, сокини 29-солаи ноҳияи Ховалинг дар наздикии посгоҳи БДА дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи автомашинаи боркаш набаромада, дар натиҷа ба сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Акмал Ниёзов бармехӯрад.

«Акмал Ниёзови дар назди автомашинаи шахсии тамғаи «Daewoo» истода аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...