Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — Кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд рӯзи душанбе, 18-уми июли соли равон, дар наздикии истгоҳи автобуси «Гулистон»-и шаҳри Хуҷанд ҷасади сокини 56-солаи ноҳияи Ҳисор Х.К.-ро бидуни аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, зимни баргузории ташхис дар дохили меъдаи марҳум 98 адад бастаҳои махсуси дорои 310 грамм маводи сахттаъсири героин ошкор гардидааст.
«Табибон муайян карданд, ки 20 адад аз ин бастаҳо сӯрох шуда, организми қочоқбар ба чунин меъёри маводи мухаддири сахттаъсир тоб наовардааст», – гуфт ӯ.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки қочоқбар нияти интиқоли маводи мухаддир ба яке аз шаҳрҳои Русияро дошт.