Сабаби марги шаш нафар кормандони ҶДММ «Кӯҳандиз» (маъруф ба Кожзавод) дар шаҳри Душанбе заҳролудшавӣ аз гази карбон унвон мешавад.
«Кормандон ҳангоми тозакунии қубурҳо дар бинои таҳхонаи корхона заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд», – хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони ҶДММ «Кӯҳандиз» Мирзомаҳмуд Маҳмудов, Ҷӯрабек Мирзоев, Тӯйчибек Абдураҳмонов, Наврӯз Зуҳуров, Амриддин Шонуриддинов ва Аҳмадбек Худойдодов дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
«Чаҳор нафар кормандони дигари заҳролудшудаи корхона айни ҳол дар беморхона бистарианд», – афзуд номбурда.


