Ҳамрохон Зарифӣ сафири ИМА ва роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ-ро ба ҳузур пазируфт

Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Кен Гросс баргузор гардид .  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ШМА, раванди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҳамкориҳои минтақавӣ ва […]

Asia-Plus


Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон Кен Гросс баргузор гардид

.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва ШМА, раванди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҳамкориҳои минтақавӣ ва соири дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳокима гардиданд.

Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ хонум Лейли Мошири-Гелонниро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

 Дар рафти вохӯри Вазири корҳои хориҷӣ Лейли Мошири-Гелонниро бо оғоз гардидани фаъолияташ табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш бурдбориҳо орзу намуд. Дар навбати худ Лейли Мошири-Гелонни дар мавриди лоиҳаҳо ва вазифаҳои амалигашта ва дар нақша буда, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ЮНИСЕФ татбиқ шуда истодаанд, маълумот дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.