Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии СММ

Ҳафтаи оянда ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид озими Ню-Йорк мешавад.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ […]

Asia-Plus


Ҳафтаи оянда ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид озими Ню-Йорк мешавад.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар назар аст, ки Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар якчанд чорабиниҳои дар ҳошияи иҷлос барпошаванда иштирок мекунад.

 Дар чаҳорчӯби сафари кории Вазир ба Ню-Йорк, инчунин мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ ба нақша гирифта шудаанд.

Рӯзи 21-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк музокираҳои умумӣ оғоз гардида, то 27-уми сентябр идома меёбанд. Рӯзҳои 19-20-уми сентябр дар чаҳорчӯби чорабиниҳои иҷлосияи 66-уми Маҷмаъй Умумии СММ ҷаласаи бахшида ба масоили пешириии бемориҳои ғайрисироятӣ доир мегардад. Ҳамчунин баррасии масоили хушксолӣ ва биёбоншавии заминҳо низ дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.